НАШЪУНАМОИ ХУБИ ПАХТА ДАР ҶУМҲУРӢ

Июль 28, 2010 09:24

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар майдони 53 ҳазору 977 гектар чигит  кишт шуд. Тибқи дурнамои Раёсати кишоварзии ин вилоят мебоист    дар  масоҳати 55 ҳазор гектар чигит кишт  мешуд. Соли ҷорӣ аз офати табиӣ майдони 1445 гектар замини кишти пахтаи вилоят зарар дид,   аммо пахтакорони вилоят онро дубора кишт намуданд. Айни замон нашъунамои пахта дар ҳамаи ноҳияҳои пахтакори вилоят хуб аст. Тибқи чорабиниҳои агротехникии  дар вилоят гузаронидашуда то 26 – уми июл дар майдони 4167 гектар сарчинкунии пахта, дар 254 ҳазору 439 гектар коркарди байни қаторҳо, дар 112 ҳазору 610 гектар озуқадиҳӣ ва дар 103 ҳазору 238 гектар обдиҳии (вегетативӣ) -давраи сабзиш гузаронида шудааст.

Июль 28, 2010 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад