НАТИҶАИ МУБОРИЗА НОМАЪЛУМ АСТ
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах», имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон идома дорад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, паҳншавии малах то 26 –уми июли соли ҷорӣ дар майдони 101 ҳазору 730 гектар ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати 78 ҳазору 863 гектари он тавассути моддаҳои кимиёвӣ ва бо усули ба хандақҳо ронда гӯронидани он тоза карда шудааст. Бо вуҷуди сафарбарии умумии аҳолӣ дар мубориза бар зидди малах, ҳанӯз дар масоҳати 23 ҳазор гектар малах ва баъзе аз ҳашароти ба зироату пахта зараровар, аз қабили малах ва тортанаккана пурра нест карда нашудааст, ки ин боиси ташвиши зироаткорону пахтакорон гардидааст. Алҳол дар 10 ноҳияи вилояти Хатлон, 5 ноҳияи вилояти Суғд ва 4 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ хавфи таҳдиди малах ба зироат ва пахта аз байн нарафтааст. Бо вуҷуди баъзе сабабҳои субъективӣ, имрӯзҳо аз 590 нафар қувваи корӣ, 22 адад трактори дорупошӣ ва 450 дорупошаки дастӣ дар мубориза бар зидди малах истифода карда мешавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки ҳашароти зараррасон бо ин ҳама заҳмати кашида пурра нест мешавад ё не?








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






