НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАРЗОБ
Варзоб ,20 июл. ( АМИТ « Ховар», Ҳотам Рабиев). Дар нимсолаи аввалу соли чорӣ 5 адад корхонаи саноатии ноҳия ба маблағи 546,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд , ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 383,1 ҳазор сомонӣ зиёд аст ,- иброз дошт муовини раиси ноҳияи Варзоб Неъматулло Сафаров зимни нишасти матбуотӣ , ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раис , мудирони шӯъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагидорӣ 5403 ҳазор сомонӣ буда , нисбат ба ҳамин давраи соли 2008- ум 637 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Саршумори чорво низ нисбат ба соли гузашта зиёд шуда , 5395 сар чорвои калони шохдор ва 8403 сар чорвои хурд афзоиш ёфтааст. Неъматулло Сафаров муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб ба хабарнигорон иттилоъ дод , ки тамоми муассисаҳо ба зимистонгузаронии солҳои 2010 -2011 омодагии ҳамаҷониба мебинанд, аз ҷумла ҳамаи мактабҳои ноҳия бо 130 тонна ангишт таъмин гаштанд. Дар ноҳияи Варзоб зиёда аз 600 нуқтаи истироҳатӣ мавҷуд аст , ки 26 фоизи даромади буҷаи ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз муовини раиси ноҳия ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






