ПАРЛУМОНИ ДУПАЛАТАГА ЗАРУР АСТ?
Душанбе, 1 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Низоми парлумони дупалатагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст», гуфт зимни мулоқоташ бо хабарнигорон Раиси фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар Маҷлиси намояндагон Ҷумъабой Сангинов. Мавсуф дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон то чӣ андоза ба фаъолияти парлумони дупалатагӣ зарурат дорад? афзуд, ки ҳар як масъалае, ки вобаста ба низоми идораи давлатӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвандад, бояд ягон асосе барои таҷдид ва баррасӣ дошта бошад. Раиси фраксияи ҲХДТ зикр кард, ки алҳол палатаи болоии парлумони мамлакат фаъолияти муассир дорад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ягон монеъае барои пешбурди фаъолияти парлумон ва рушди сиёсию иқтисодии кишвар эҷод накардааст. Аз ин рӯ, имрӯз зарурати баррасии низоми нави парлумон дар ҷомеа мавҷуд нест. Агар чунин зарурат пайдо шавад, мақоми қонунгузори кишвар атрофи он андеша менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






