ПЕШРАВИҲО ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар»- Лутфия Эшонқулова).- 21 июл нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг доир ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи кори кормандони он баргузор гардид. Дар нишаст Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, муовинони вазир, роҳбарони як қатор раёсату шӯъбаҳо иштирок намуда, ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар нишаст зикр гардид, ки Вазорати фарҳанги ҶТ дар давраи ҳисоботӣ муҳимтарин падидаҳои сиёсиву фарҳангӣ, чорабиниҳои фарҳангиро бобати таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва афзудани эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳони тамаддун пешкаши мардуми кишвар гардонид. Бахусус дар соҳаи санъат, фарҳанг, китобдорӣ, дар самти ҳифз ва истифодаи мероси фарҳангию таърихӣ, дар соҳаи табъу нашр, равобити байналмиллалӣ, соҳаи илм ва таълимгоҳҳо вазорат ба як қатор пешравиҳо ноил гардид. Дар охир Вазири фарҳанг М. Асрорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунонид, ки кормандони вазорат пайваста баҳри рушди фарҳанги миллӣ талош варзида, бобати татбиқи нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ бармеоянд, тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ, донишу таҷрибаи хешро равона менамоянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






