ПРЕЗИДЕНТ ҚОНУНИ НАВРО ИМЗО НАМУД

Июль 23, 2010 07:55

21 июли соли 2010 дар баробари қонунҳои дигар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, барои нашр пешниҳод гардид. Қонуни мазкур дар иртибот бо вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ аз 15 феврали соли 2010 ва иҷрои нишондодҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли ҷорӣ бармеоянд, қабул гардидааст. Тағйиру иловаҳои мазкур асосан ҷиноятҳои иқтисодиро фаро гирифта, мувофиқи онҳо таъин намудани ҷазои ҷарима дар ҳолати пурра пардохт намудани маблағи зарари расонидашуда пешбинӣ гардидааст. Татбиқи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки зарари молиявию иқтисодии расонидашуда ихтиёран, пурра ва саривақт ба соҳибмулк баргардонида шавад. Инчунин тағйиру иловаҳои воридгардида хусусияти башардўстона дошта, барои ислоҳи шахси ҷиноятсодиркарда бе маҳрум кардан аз озодӣ мусоидат мекунад.   Дар маҷмўъ бо ин мақсад ба 51 моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба моддаи 245 — Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, моддаи 246 — Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда, моддаи 253 — Расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ё сўистифодаи боварӣ, моддаи 257 — Тасарруфи воситаи фондҳои кўмаки хориҷӣ ва ғайра тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Қонуни ба имзорасида ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти фазои соҳибкорӣ ва таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Амалӣ намудани қонуни мазкур барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидати бештаре хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.       

Июль 23, 2010 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад