ПРЕЗИДЕНТ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВРО ИФТИТОҲ НАМУД
Cубҳи имрўз 1 июли соли 2010 бо иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар бинои собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, ки бо харҷи 9 миллион сомонӣ навсозӣ ва ҷиҳозонида шудааст, ҷой дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи расмии филиали ин боргоҳи ҷаҳонии илму маърифат дар шаҳри Душанбе ҳамчунин Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов Виктор Садовничий ва бисёр шахсиятҳои намоёни дигар аз Федератсия Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий ва ҳайати ҳамроҳи онҳо аз синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерии бо шабакаи интернет пайвастшуда, китобхонаи дорои хазинаи калони китобҳои илмию таълимӣ ва дастрасӣ ба интернет дидан карда, бо нахустин донишҷўёни ин филиал, ки соли гузашта барои таҳсил қабул шуда буданд, аз наздик сўҳбат намуданд. Чунонки маълум шуд, ҳамаи онҳо савияи баланди донишу илмомўзӣ доранд, забонӣ давлатӣ ва забонҳои русию англисиро хуб медонанд. Барои дохил шудан ба ин мактаби олӣ ба як ҷой 4,5 нафар ҳуҷҷат супорида будаанд. Айни ҳол аз рўйи 2 ихтисос донишҷўён таҳсил мекунанд. Аз соли нави хониш дар ин муассисаи таълимӣ ба 3 факулта — риёзиёт, геология ва факултаи муносибатҳои байналмилалӣ 75 донишҷў қабул хоҳанд шуд. Зимни сўҳбат бо роҳбарияти донишгоҳ ва филиали душанбегии он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «ба ин мактаби олӣ бояд беҳтарин довталабон тариқи озмуни шадид қабул шаванд ва сатҳи таълиму тарбияи донишҷўён ба сатҳи худи Донишгоҳи давлатии Маскав баробар бошад». Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои таъмини сатҳи баланди илмомўзӣ 70% омўзгорони филиал аз шаҳри Маскав ва 30% — и он аз беҳтарин омўзгорони Тоҷикистон интихоб карда мешаванд. Тибқи иттилои расида, ҳамаи омўзгорони аз Маскав оянда бо шароити зарурии кору зиндагӣ таъмин карда мешаванд. Барои қисмате аз онҳо дар ошёнаи 9 – уми ҳамин бино иқоматгоҳ бо шароити монанд ба меҳмонхонаи муосир омода гаштааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «мо метавонем ин муассисаи таълимиро ба филиали минтақавии Донишгоҳи давлатии Маскав табдил диҳем, то ки дар он натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳои минтақа низ таҳсили илм карда тавонанд». Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий дар навбати худ иқдоми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе «қарори пурҳикмат ва аз ҷиҳати стратегӣ санҷидаю баркашида» маънидод кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори ҷониби Тоҷикистон дастур дод, ки то оғози соли нави хониш барои донишҷўёни ин муассисаи олии таълимӣ хобгоҳи хуб интихоб намоянд ва таъкид намуд, ки барои оянда лоиҳаи бинои наву замонавии хобгоҳ бо тамоми шароити зарурии муосир омода карда шавад. Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфтани филиали Донишгоҳи давлатии Маскавро, ки бо дастгирӣ ва ҷонибдории роҳбарияти сиёсии Тоҷикистону Русия сурат гирифтааст, «нишонаи ҳавасмандии ду кишвар ба нигоҳдории фазои ягонаи маорифӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» маънидод кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






