РӮЗИ ПИРОНСОЛОНРО ҶАШН ГИРИФТАНД

Июль 20, 2010 17:28

Кӯлоб, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Расонидани кӯмак ба маъюбону бепарасторон, нафақахӯрону пирони барҷомонда аз наҷибтарин хислатҳои инсонист. Ин аст, ки Ҳуқумати Ҷумҳурӣ, хоса Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҷиҳати ҳамаҷониба дастгири намудани  табақаи ниёзманди аҳоли тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ҷашн гирифтани рӯзи маъбону пиронсолон  низ аз тавваҷӯҳи  ҳамешагии давлату ҳукумат  нисбат ба пиронсолон  маҳсуб меёбад. Ин навбат бо ташаббус ва дастгирии Муассисаи давлатии  «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона»и назди мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб барои маъюбону пиронсолон ҷорабинии бошукуҳи идона ороста шуда ,ба онҳо туҳфаҳои пулию молӣ тақдим гардид.Дар назди иштирокчиёни маҳфил ҳунармандони қасри фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консерти баромад намуда ,намояндагии мақомоти маҳалӣ ва аҳли зиё пирони рузгордида ва маъюбонро бо  ин руз табрику  таҳният гуфтанд.Ниёзмандон дар навбати хеш аз ғамхориҳои рузафзуни роҳбарияти олии сиёсии мамлакат нисбат ба онҳо изҳори миннатдорӣ баён намуда ,барои таҳкими сулҳу амнияти сартосарии кишвар даст ба дуо бардоштанд.

Июль 20, 2010 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад