РАФТИ КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Июль 2, 2010 09:05

Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуданд, ки соли ҷорӣ баробари ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва караму картошка кишти такрорӣ дар ҳамаи  майдонҳои холишуда гузаронида  мешавад. Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар масоҳати 175 ҳазор гектар гузаронида  шудани кишти такрорӣ пешбинӣ шудааст. То 1-уми июли соли ҷорӣ ҳамагӣ дар майдони 35 ҳазору 836 гектар, ки 20 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла дар майдони 9422 га ҷуворимакка барои дон, дар 4333 га кишти шолӣ, дар 2716 га мош, дар 11га картошка, дар майдони 2716 га зироатҳои техникӣ ва дар 13 ҳазору 50 га хӯроки чорво кишт карда шудааст.                          

Июль 2, 2010 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад