РУШДИ СОҲАИ ҚУТОСПАРВАРӢ
Хоруғ, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Баъди ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар ВМКБ» ин соҳа рушд ёфта, натиҷаи хуб дод. Имрӯз дар ноҳияи Мурғоб 17 ҳазор сар қутос парвариш карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 2006 8,5 ҳазор сар зиёд аст. Баҳри боз ҳам рушд бахшидани соҳаи қутоспарварӣ ва таъмини дигар хоҷагиҳои мавзеъҳои кӯҳии ҷумҳурӣ дар ин ҷо хоҷагиҳои «Булункӯл» ва «Бешгумбоз» махсус гардонида шудаанд. Айни ҳол дар вилоят 4 нафар соҳибкор ва 5 корхонаву ташкилоти давлатӣ дорои хоҷагии ёрирасон мебошанд, ки ҳар кадом аз 280 то 1300 сар қутос доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






