СӮИҚАСД БА КУШТОР
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 25 июли соли равон дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зайнуддинов Авазхон, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 14 июли соли ҷорӣ А. Зайнуддинов дар ҳолати мастӣ ба суроғаи хонаи иҷорашон омада, бо мақсади ба қатл расонидан, бо корди хоҷагӣ ба тарафи хушдомани худ Маҳмудова Дилбар, соли таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи пойтахт ҳуҷум кард. Аммо амали худро то ба охир расонида натавониста Д. Маҳмудоваро лату кӯб намудааст. Дар натиҷа аз сабаби гирифтани зарари ҷисмонӣ Д. Маҳмудова дар беморхонаи пойтахт бистарӣ мегардад. Нисбати ин ҳодиса прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо моддаи 32-104 (қ.1) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






