САРВАРИ ДАВЛАТ Э. РАҲМОН ЯК ҚАТОР ТАҒЙИРОТҲОИ КАДРӢ БА АМАЛ БАРОВАРД
14 июли соли 2010 ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Авазов — Муовини якуми Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумахон Ғиёсов — муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Равшан Каримов — Муовини Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Маҳкамова — Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ таъин гардиданд. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба вазифаи Муовинони Раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Раҳматулло Таваров ва Абдулҳақ Оев розигӣ доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






