«ШИКАСТИ ҚАЛБҲО» ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Филми нави синамогарони афғон «Шикасти қалбҳо» 16 июл дар «Кохи Ҷомӣ»-и Душанбе муаррифӣ гардид. Салими Шоҳин ҳунарманди шинохтаи афғон коргардони филми мазкур буда, хамзамон дар филм яке аз нақшҳои асосиро бозидааст. Дар маросими ботантанаи муаррифии филми «Шикасти қалбҳо» намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе, муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон ва дӯстдорони синамо ҳузур доштанд. Атташеи фарҳангии Сафорати Афғонистон Шамсулҳақи Ориёнфар, коргардони филми «Шикасти қалбҳо» Салими Шоҳин, ҳунарманди шинохтаи олами синамои Афғонистон Саломи Сангин ва донишманди бахши синамои тоҷик Саъдулло Раҳимов роҷеъ ба филми мазкур, вазъи синамо дар Афғонистон ва тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон –Тоҷикистону Афғонистон дар бахши таҳия ва ба наворгирии филмҳо ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки синамо тӯли беш аз 60 сол аст, ки дар Афғонистон ташаккул меёбад. Новобаста ба вазъи сиёсии феълии Афғонистон, дар ин кишвар филмҳои наву диданибоб таҳия ва ба навор гирифта мешаванд. Филми «Шикасти қалбҳо» вазъи кунунии ҷомеаи Афғонистон, хусусан ҳаёти ҷавонони афғон ва нобаробарии иҷтимоиро инъикос намудааст. Ин филм аз сӯи ширкати филмсозии «Шоҳин», ки 30 сол инҷониб фаъолият дорад, дар маҳалҳои гуногуни Кобул ба навор гирифта шудааст. «Шикасти қалбҳо» бо забони дарӣ ва матни англисӣ таҳия шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






