ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ХОРИҶИ КИШВАР МЕАФЗОЯД
Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» соли 2010 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ беш аз 80 ҷой ҷудо шудааст. Аз ин миқдор 45 ҷой барои донишҷӯён дар зинаҳои бакалавру мутахассис ва магистр ва 40 ҷой барои аспирантону докторантон ва коромӯзон муқаррар гардидааст. Назар ба иттилои директори Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ҳабиб Мирзоев, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» соли 2009 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирӣ намудани ҷавонони болаёқату истеъдодноки минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ба таҳсил фиристонидани онҳо ба муассисаҳои олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ мебошад. То ба имрӯз аз ҳисоби буҷаи давлат 230 нафар ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои олии кишварҳои Русия, Украина, Белорусия ва Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






