СОХТМОНИ ХОНАҲО ДАР КӮЛОБ

Июль 20, 2010 17:26

Кӯлоб, 20 июл. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон  Холов). —  Дар  шаҳри  Кӯлоб  бо  дастгирии  ҳуқумати  ҶТ  барои  беҳдошти  шароити  зисти  сокиноне, ки бар  асари  офати  табиӣ   зарар  дидаанд,  тадбирҳои  мушаххас  амалӣ  гардида, корҳои  сохтмонӣ  дар ҳамаи  қитъаҳои  муайянгардида   муташакилона  ҷараён  дорад. Дар  ин самт  вазорати роҳи  оҳани ҷумҳурӣ, ки сохтмони 21  хонаи  истиқоматиро  бар  зиммаи  худ  дорад то ин дам иҷрои корҳои  сохтмониро  ба 80% расонидаанд.  Рашид  Маҷидов  муҳандиси сохтмонии   қитъа  дар  бастагӣ  ба ин  мавзӯъ   гуфт, ки  айни  ҳол  дар  корҳои  сохтмонии  хонаҳои  истиқоматӣ  беш  аз  200  нафар  сохтмончиён  кор  ва фаъолият   дошта    мувофиқи   шартнома  музд мегиранд. Ба гуфтаи  ин  манбаъ  коргарон  дар  ду  баст  фаъолият намуда, бо  се  вақт  хӯрок  ва ҷои хоб  таъмин  мебошанд.  Мавриди  зикр  аст, ки  барои  пешбурди  корҳои  сохтмони  то ин дам ягон мушқилот садди  роҳ  нашудааст, чунки  аз  тарафи  вазорат  масолеҳи  сохтмони    ва  техникаҳои  ёрирасон   сари  вақт  таъмин    мегаранд. Роҳбарияти  вазорати  мазкур   тасмим  гирифтааст  то  нимаи  дуюми   моҳи    августи  соли  ҷори   сохтмони  хонаҳои  истиқоматиро  ба итмом  расонида  ба  соҳибонашон супориданд.

Июль 20, 2010 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад