СОХТМОНИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева). — Корхонаи воҳиди давлатии "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе" барои мардумони аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб 10 хонаи истиқоматӣ месозад. То имрӯз, шаш хонаи истиқоматӣ дар ҷамоаи Қайқи дашт ва чор хонаи истиқоматӣ дар ҷамоаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ қомат афрохтаанд. Сохтмончиён, ки асосан мутахассисонанд, корҳои сохтмониро бо сифати баланд анҷом медиҳанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе" Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, рафти корҳои сохтмонӣ аз ҷониби роҳбарияти фурӯдгоҳ мавриди назорати доимӣ қарор мегирад. Тайи ҳафтаи гузашта ҳайати кории фурудгоҳ бо роҳбарии сармуҳандиси корхона Бобоҷон Садриддинов қитъаҳои сохтмониро аз назар гузаронида, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Дар навбати худ сохтмончиён иброз доштанд, ки масолеҳи сохтмон ва дигар асбобу анҷоми барои сохтмон пешбинӣ шуда саривақт дастрас карда мешавад ва мушкилие вуҷуд надорад. Роҳбари корхонаи фаръии давлатии "Авиастрой" Баҳром Ҷабборов ки бевосита фаъолияти сохтмончиёнро назорат менамояд, иброз дошт, ки рафти корҳои сохтмони мутобиқи нақша пеш меравад, сохтмончиён бо ҷойи хоб ва хӯрок таъминанд, музди меҳнати худро саривақт мегиранд, бинобар ин хонаҳои истиқоматӣ дар мӯҳлати нишондодашуда ба соҳибонашон супурда мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






