ТАҲСИЛ ДАР МАСКАВ БИДУНИ БАРОМАД АЗ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 13 июл дар шаҳри Душанбе дар Маркази технологияҳои таълимии фосилавии Академияи муосири Гуманитарии шаҳри Маскав ҳимояи корҳои дипломии хатмкунандагони шӯъбаи «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ» Дилбар Муродова ва Шабнам Расулова баргузор гардид, ки онҳо баҳои мусбати комиссияи давлатии аттестатсионии шаҳри Маскавро соҳиб гаштанд. Худи ҳамон рӯз аз рӯи ихтисоси «Информатика ва техникаи оморӣ» боз 18 нафар донишҷӯ кори дипломӣ ҳимоя намуданд. Аз онҳо ду нафар баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд, ки ҳимояи такрории дипломҳояшон соли оянда баргузор мегардад. «Боиси ифтихор аст, ки ман аз 5 солагӣ дар ҳамин мактаби олии насли нав хондаам, зеро ҷараёни таълими он дар заминаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва моҳворавӣ ба роҳ монда шудааст. Академияи Муосири Гуманитарӣ-ягона дар ҷаҳон мактаби олиест, ки мақоми ширкати телевизиониро дошта, дорои студияи телевизионии шахсӣ мебошад. Аз сабаби он ки Академия бо радифи маснӯъ пайваст мебошад, мо имконият дорем, ки барномаҳои шавқовари ин шабакаро тамошо карда, маърӯзаҳои видеоии донишмандони баландмартаба ва устодони Академияро гӯш намоем» -гуфт зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» хатмкунандаи Академияи Максим Орипов аз шаҳри Турсунзода. -Боварӣ дорам, ки донишҳои дар соҳаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аз худ кардаамро метавонам ҳангоми кор дар корхонаи «ТАЛКО» истифода намоям. Омӯзиш дар Академияи муосири гуманитарӣ ба донишҷӯён баҳри равнақ додани шахсият ва озодӣ ҳангоми интихоби касб имконияти фаровон медиҳад. 14 июл рӯзи сеюм ва охирини ҳимояи корҳои дипломӣ аз рӯи ихтисоси «Менеҷмент» ва «Молия ва қарз» мебошад, ки дар он 25 нафар донишҷӯ иштирок менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






