ТАЪСИСИ ЛАГЕРҲОИ ИСТИРОҲАТИЮ ФАРОҒАТӢ ДАР МУЪМИНОБОД

Июль 1, 2010 08:47

Муъминобод, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо  ташаббуси раиси ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Зокиров дар ҷамоати деҳоти Туту барои 30 нафар кӯдакони оилаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, лагери истироҳатию фароғатӣ таъсис дода шуд, ки кӯдакон айни ҳол ба шароитҳои лозима таъмин мебошанд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия Қудратулло Каримов дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида аз 1- уми июли соли ҷорӣ басти дуюми лагери тобистона бо маблағгузории Кумитаи иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар 5 мактаби таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад, ки дар он беш аз 150 нафар кӯдакону наврасон ба лагери истироҳатию фароғатӣ фаро гирифта мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ кӯдакон дар ин лагери тобистона ба хондани китобҳои бадеӣ, бозиҳои варзишӣ, сайру гашти табиати зебоманзар ва дигар бозиҳои шавқовар сафарбар гардида бо ду вақт хӯрок таъмин карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки имсол барои гузаронидани лагери тобистона аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия  1200 сомонӣ ва аз тарафи буҷаи маҳалии ноҳия 4000 сомонӣ маблағ  ҷудо  гардид,  ки  ин барои гузаронидани лагери истироҳати мусоидат кард. Тавре Қ. Каримов  зимни сӯҳбат ба мо иброз дошт, фаро гирифтани мактаббачагон ба лагери истироҳатию  фароғатии  тобистона нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  бештар  гардидааст,  ки  аксари  онҳо  аз  оилаҳои  камбизоат мебошанд.  Инчунин  раиси  ноҳия  С. Зокиров  тасмим гирифтааст, 16 июли соли ҷорӣ 10 нафар кӯдакони оилаҳоеро, ки аз офати  табиӣ хисорот дидаанд тибқи роҳхат ба осоишгоҳ барои муолиҷа равона созад.      

Июль 1, 2010 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад