«ТОҶИКСУҒУРТА» БА ШАХСОНИ ЭҲТИЁҶМАНД КӮМАКҲОИ МОЛИЯВӢ РАСОНИД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи сипари гардида ба 10 ҳазору 400 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 5 миллиону 649 ҳазору 600 сомонӣ ҷуброни зарар талофӣ намудааст. Тавре дар нишасти матбуотии ширкати мазкур иттилоъ доданд, мавқеи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ оид ба ҳақгузории зарардидагон дар нимсолаи аввали соли 2010 66,2 фоизро ташкил мекунад. Инчунин, қайд гардид, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ба андозаи 1 миллиону 809 ҳазору 600 сомонӣ маблағ гузаронида шуд, ки 912 ҳазору 100 сомониаш пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ҳиссагузорӣ дар ҳуҷҷати стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби фоидаи ба даст овардаи ширкат ба ашхоси эҳтиёҷманд, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон, бепарасторон, шахсони яккаю танҳо, ятимон ва муҳоҷирон ба андозаи 33 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






