ЗАРАРИ БОЗДОШТИ ВАГОНҲО БА СОҲИБКОРОНИ ТОҶИК

Июль 5, 2010 16:08

Душанбе,  5 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Боздошти  вагонҳои Тоҷикистон  дар  қаламрави  Ӯзбекистон  сабаби   коҳиш  ёфтани  интиқоли  мол  ба  воситаи  шохаи  роҳи  оҳани  Амӯзанг – Хатлон  гардид. Бо  ҳамин  сабаб  соҳибкорону тоҷирони тоҷик  аз  интиқоли  мол ба  воситаи  шохаи  роҳи  оҳани  мазкур   даст  кашида,  вагонҳои  худро  ба  самти  Душанбе  мефиристанд. Айни  ҳол  ба  вилояти  Хатлон  дар  давоми  шабонарӯз  аз  18 то  20 вагони  боркаш  дохил  мегардад. Ҳоло  дар  қаламрави  Ӯзбекистон  бештар  аз  290  вагон боздошта шудааст.  Миқдори вагонҳои  боздошташуда  аввали  моҳи  июн тақрибан  ба  900  адад   мерасид. Агар  вазъият  ҳамин  тавр  давом  кунад,  барои  ба  Хатлон  фиристодани  290 вагони боқимонда қариб   ним  моҳ  сарф  мешавад. Айни  ҳол  ба  самти  Душанбе  ҳар  шабонарӯз то 250  вагон  мол  фиристода  мешавад,  хабар  медиҳад  мухбири  АМИТ «Ховар».            

Июль 5, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад