ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Август 2, 2010 17:10

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанг Миралӣ Достиев бо ҳайати 40 нафараи устодони  донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Миралӣ Достиев ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо вазъи соҳаи фарҳанги ҶТ ошно намуд. Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки дар ин самт ҳамкориҳоро боз ҳам қавитар намудан лозим аст. Дар навбати худ муовини Раис оид ба бахши омӯзишии Донишгоҳи Теҳрон Саидмаҳдии Қайсарӣ изҳор намуд: «Ҳадафи ин вохӯрӣ маҳз дар он аст, ки ҳамкориро дар самти фарҳанг дар оянда низ ба роҳ бояд монд, зеро дар Донишгоҳи Теҳрон дар ин самт таваҷҷӯҳ зиёдтар аст». Ҳамчунин, ҳайати меҳмонон аз нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг сухан ронда гуфтанд, ки метавон гурӯҳҳои ҳунармандони Донишгоҳҳои Эронро ба Тоҷикистон ва ҳамчунин аз Тоҷикистонро ба Эрон барои мубодилаи ҳунару истеъдод сафарбар кард. Бояд ёдрас шуд, ки сафари устодони донишгоҳҳои Эрон ба Тоҷикистон дар доираи тақвияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ва муассисаи фарҳангии ЭКО сурат гирифтааст. Ҳамзамон, ҳайати мазкур аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ва муассисаҳои илмию фарҳангии шаҳри Қурғонтеппа дидан намуданд.                                                                               

Август 2, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад