ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛАДОНА
Душанбе, 18 август.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо ҳамагӣ 333 ҳазору 100 гектар буда, то имрӯз майдони 260684 (78,3%) гектари он дарав шудааст. Аз ин миқдор 251878 гектари он кўфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16957 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ айни ҳол 560995 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли сипаригардида 34726 тонна камтар аст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 22,3 сентнериро ташкил медиҳад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав дар ин мавсим ҳамагӣ 950 адад буда, 324 адади он машғули дарави ғалла мебошанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






