ҶИНОЯТКОРОН ДАСТГИР ГАРДИДАНД
Шӯрообод, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Шўрообод бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад ва дастгир кардани гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ин давра аз тарафи қисми низомии 2931-и сарраёсати сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ чораҳои мушаххас амалӣ карда шуд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Амирхон Икромов. Ба гуфтаи ӯ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳангоми задухӯрд бо қочоқчиёни силоҳбадасти афғон дар минтақаҳои марзӣ 2 нафар қочоқчӣ ба қатл расонида шуд. Ҳамчунин дар ин муддат аз тарафи сарбозону афсарони қисми низомии мазкур ҳангоми задухӯрд дар минтақаи сарҳадӣ аз қочоқчиён ба миқдори 118,5 кг маводи нашъадор мусодира гардидааст. Дар рафти нишаст зикр гардид, ки дар ин муддат ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз хати сарҳад 2 адад автомат бо 6 тирдон ва 128 дона тирҳои қутрашон гуногун ёфт ва мусодира гардид.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






