ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАРҚШИНОСИ РУС

Август 19, 2010 12:35

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- 30 июли соли равон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурӣ бештар аз 40 масъала, аз ҷумла қарорҳои додани ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаҳои адабиёту ҳунар ва меъморӣ инчунин, Ҷоизаи байналмиллалӣ барои тарҷума, таҳқиқ ва ташвиқу тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ муҳокима ва қабул карда шуданд. Ҷоизаи байналмиллалӣ дар соҳаи тарҷума, таҳқиқ ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ ба олими машҳури шарқшиноси рус Александр Болдирев барои таълифи асарҳои илмию адабии «Низомӣ ва Ҳоқонӣ», «Зайниддин Восифӣ» ва «Дарвеши Деҳакӣ» сазовор дониста шуд. Бо ҳамин хотираи олими барҷастаи шарқшинос пос дошта шуд. Александр Николаевич Болдирев олими барҷастаи шарқшинос ва матншиноси маъруф буда, ҳаёти худро ба таҳлил ва омӯзиши асарҳои олимону шоирони асрҳои миёнаи тоҷику форс сарф кардааст. А. Болдирев аз ҷумлаи зиёиёни шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Олимони маъруф Б. Пиотровский, Н. Гумилёв, адибон В.Глинка, В. Мануилов ва Анна Аҳмадова аз ҷумлаи дӯстони А. Болдирев ба шумор мерафтанд. Ӯ бо олимони тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абдуғанӣ Мирзоев, Расул Ҳодизода ва дигарон муносибатҳои дӯстона дошт ва самарабахш ҳамкорӣ мекард. Александр Болдирев соли 1931 баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ забонҳои мамлакатҳои аврупоӣ, инчунин форсию тоҷикӣ ва арабиро хеле хуб медонист. Мавсуф то соли 1936 дар Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶСШ дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Ӯ зимни сафарҳои эҷодӣ ба деҳоти Бадахшони Ғарбӣ намунаҳои эҷодиёти халқро ҷамъ меовард. А. Болдирев  соли 1941 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Солҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти олим нақши ногусастанӣ боқӣ монданд. Ӯ баъдан ба Ленинград баргашта, дар шӯъбаи мамлакатҳои шарқи Эрмитажи давлатӣ ба кор даромад ва дар Донишгоҳи Ленинград ба донишҷӯён забонҳои тоҷикию форсиро меомӯхт. А. Болдирев солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хусусан муҳосираи Ленинград дар сафи пеши муборизон барои озодии ватан қарор дошт. Вай дар давоми 900 рӯзи муҳосираи Ленинград мушоҳидаҳояшро дар бораи қаҳрамонии мардум сабт менамуд. Дар натиҷа китоби хотираҳои профессор А. Болдирев таҳти унвони «Ёддоштҳои муҳосира» дастраси хонандагон гардид. Дар он дар бораи сафари намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Ленинград низ сухан меравад. А. Болдирев соли 1954 рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Матнҳои интиқодии осори таърихии «Таърихи Бадахшон» ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифӣ ба қалами А. Болдирев тааллуқ доранд. Имрӯз олимони ҷавони на танҳо Тоҷикистон, балки қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ асарҳои А. Болдиревро дар бораи намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷику форс бо камоли майл истифода мебаранд.        

Август 19, 2010 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!