25 КВОТА БАРОИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ ҚИРҒИЗИСТОН

Август 11, 2010 14:54

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Аз 2 то 4 августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои дастрас намудани 25 квота дар макотиби олии Тоҷикистон аз имтиҳон гузаштанд. Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, квотаҳои номбаршуда 15 марти соли 2007 дар мувофиқа бо Созишномаи байни Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷу мҳурии Қирғизистон барои тоҷикони муқимии Ҷумҳурии Қирғизистон ҷудо гардида буд.   «32 нафар довталаб барои 25 ҷойи ҷудошуда аз шаш минтақаи Қирғизистон, ки мактаби миёнаро бо забони тоҷикӣ хатм кардаанд, қувваозмоӣ намуданд. Довталабон бештар ба соҳаи тиб, энергетика ва барномасозӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуданд. Айни ҳол довталабоне, ки аз имтиҳонҳо гузаштаанд, ба сафар барои таҳсил дар Тоҷикистон омодагӣ мегиранд»,-қайд намуд манбаъ.

Август 11, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад