666000 СОМОНӢ БАРОИ ТАЪМИНИ ГАРМӢ

Август 27, 2010 13:19

Ишкошим, 27 август.(АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Шӯъбаи маорифи  ноҳияи Ишкошим ба хотири ҳамаҷониба  омода намудани  мактабҳо  ва дигар  муассисоти  марбутаи  соҳа ба соли  нави таҳсил ва  зимистонгузаронии   солҳои 2010-2011  корҳои   зиёдеро анҷом додааст. Тавре мудири  шӯъбаи маорифи  ноҳия Айдибек Қадамалиев иттилоъ дод, дар  кори таъмиру  тармими  мактабҳо  аз ҷониби раиси  ноҳия, шӯъбаи маориф, сарпарастон ва  волидайни  хонандагон ба мактабҳо   кӯмакҳои молиявӣ  расонида шуд. Натиҷаи ҳамин буд, ки то  бистуми моҳи июл кулли мактабу муассисоти  марбутаи  соҳа  комилан таъмир  гардиданд. Дар арафаи ҷашни Ваҳдат бинои мактаби миёнаи  рақами 14  ва рӯзи 25 июн  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави мактаби рақами 8  мавриди истифода  қарор дода шуданд.  То оғози соли нави хониш мактаби рақами 41-и ноҳия низ  ба истифода  дода мешавад. Ҳоло дар мактабҳои ноҳия 120 номгӯй  китобҳои дарсӣ  бо теъдоди 81125 нусха мавҷуданд, ки ин 96 дар сади таъминоти  мактабҳоро бо китобҳои  дарсӣ ташкил медиҳад. Ба наздикӣ аз ҷониби Вазири  маорифи ҷумҳурӣ ба  мактабҳои ноҳия  ба маблағи 87 ҳазор  сомонӣ  китобҳои бадеӣ, адабиёти илмию  методӣ  фиристонида шуда, ҳамчунин ба маблағи 5970 сомонӣ таҷҳизоти  озмоишӣ барои  синфхонаҳои  физика ва химия дастрас гардид. Бояд гуфт, ки мактабҳои ноҳия  ба зимистонгузаронӣ  низ омодаанд. Тибқи нақшаи ҷорӣ   барои  гармидиҳӣ ба муассисоти ноҳия  164300 сомонӣ  ва мактабҳо  666000 сомонӣ маблағ  ҷудо гардидааст.  

Август 27, 2010 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад