АФЗОИШИ ҶОЙИ КОР ДАР ШӮРООБОД
Шӯрообод, 12 август. (АМИТ «Ховар»,Сулаймон Холов).-Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Шўрообод ба масъалаи ташкили љойњои нави корӣ , таъмини бекорон бо љойи кор ва дастгирии оилањои камбизоат диќќати махсус медињад, гуфт раиси ноњия Амирхон Икромов.Ба гуфтаи ин манбаъ бо назардошти афзалият доштани соњаи кишоварзӣ дар ноњия барои бо љойи кори доимию мувақќатӣ таъмин намудани мутахассисон ва ањолии ќобили мењнат , љалби аҳолӣ барои кор дар заминњои кишоварзии хољагињои њудуди ноњия тадбирњои амалӣ андешида шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин замина барои таъмин намудани шањрвандон бо љойи кори доимӣ дар ин давра 5 маротиба ярмаркаи љойи кори холї доир шуда, 98 нафар шањрванд соњиби љойи кори доимї гаштанд. Њамчунин 100 нафар шањрвандони дигар ба корњои муздноки љамъиятӣ дар хољагињои дењќонӣ љалб гардиданд. То ин муддат дар ноҳия 1247 љойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Инчунин дар ин давра барои соњиби касб гардидан 40 нафар шахсони бешуѓл ба курсњои гуногуни омўзишӣ фаро гирифта шуданд, афзуд раиси ноњия Амирхон Икромов.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






