БАРҚИЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИКТОР ЯНУКОВИЧ
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 августи соли 2010 ба Президенти Украина Виктор Янукович барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла омадааст: Мӯҳтарам Виктор Федорович, Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Украина — Рӯзи истиқлолият қабул намоед. Тоҷикистон ба сатҳи муносибатҳои кунунӣ бо Украина баҳои баланд дода, ният дорад, ки барои инкишофи муносибатҳои байни ду давлат ва вусъат додани ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатовар тамоми имкониятҳояшро равона созад. Мо мутмаинем, ки ҳамкории самарабахши кишварҳои мо бозгӯи муносибатҳои неку таърихии ду кишвар буда, ҳамчунин кӯшиши муштараки мо барои сулҳ ва тараққиёт минбаъд низ таҳким меёбад. Ба Шумо, мӯҳтарам Виктор Федорович, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беназир, ба халқи дӯсти Украина хушбахтӣ ва шукуфоиро таманно дорам. Дар ин бора аз маркази матбуоти Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






