БОҒИ ИСТИРОҲАТИИ ФАРХОР ТАЪМИРТАЛАБ АСТ

Август 2, 2010 17:07

Фархор, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов).- Боғи фарҳангу истироҳатии ноҳияи Фархор макони баргузории чорабиниҳои гуногун ва ҷои дӯстдоштаи сайру фароғати сокинон гаштааст. Ин мавзеи фарҳангӣ дар масоҳати беш аз  5 гектар  ҷойгир буда, бояд  дорои шароити муносиб ва муосири истироҳату фароғат бошад, аммо  арғунчакҳои он солҳост, ки рӯи таъмирро надида корношоям гаштаанду барои кӯдакон хеле хатарнок. Бачаҳо бошанд  ба ин нигоҳ накарда, ба ин ҷо меоянд ва бидуни назорати  масъулин аз хизмати  онҳо истифода мебаранд.  Бино ба гуфти масъулини раёсати фарҳанги ноҳия  тайи солҳои охир баҳри ободу зебо гардонидани боғ аз масофаи 120 метр хати об кашидаву  дарахтони зиёд шинонидаанд, ки айни замон нашъунамои онҳо хеле хуб аст. Ҳарчанд барои  таъмир ва тармими ин муассисаи фарҳангӣ чандин сол боз аз буҷаи маҳал маблағгузорӣ намешавад, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин ҷо биноҳои гуногуни фароғатӣ бунёд мегарданд.  Боварӣ дорем, ки дар доираи 900 рӯзи ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон боғи фарҳангу истироҳатии  ноҳияи Фархор таъмиру тармим гашта, воқеан ҳам макони дӯстдоштаю тамошобоби  шаҳрвандон мегардад.

Август 2, 2010 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад