«ЧАКОМАИ ГЕСӮ» ДАР ҲИСОР
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ноҳияи Ҳисор чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гашта истодааст. Тибқи иттилои мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Нуралӣ Мирзоалиев, Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» дар се давр дар мактабҳою муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҷамоатҳо ва дар маркази ноҳия гузаронида шуда, беҳтарин падидаю чеҳраҳо ба даври минтақавии озмун, ки дар шаҳри Турсунзода барпо мегардад, интихоб мешаванд. Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар ташкил ва гузаронида шуда, ҳадафаш эҳёи суннатҳои миллии ороиш ва бофтани мӯй, тарғиби зебопарастӣ, хусусан баланд бардоштани завқи эстетикӣ дар байни ҷавонондухтарону бонувон, тараннуми шеъру шоирӣ, хусусан таронаю бадеҳаҳо дар бахши зебопарастӣ, оро додани мӯй ва таҳкими дӯстиву бародарӣ ва ваҳдат дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






