ДАР МОҲИ МУБОРАК БОЗ 1 ОИЛА СОҲИБИ ХОНАИ НАВ ШУД
Кӯлоб, 24 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар моҳи шарифи Рамазон бо риояи яке аз фазилатҳои ин моҳи муборак, ки дастгирӣ намудани ниёзмандон аст, аз ҷониби мақомоти гуногуни кишвар ҳамарӯза оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо хонаҳои нави истиқоматӣ таъмин мегарданд. Дар маҳалҳои бунёди манзилҳои нав корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Баҳри иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани аҳолии зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо манзили зист, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи истиқоматии 4- ҳуҷрагии дорои тамоми ҷиҳози рӯзгор ва бо сифати баланд бунёд гардидаро рӯзи 20 августи соли ҷорӣ ба соҳибаш тақдим намуд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






