ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НИЁГОН

Август 10, 2010 14:00

Мурғоб, 10  август. (АМИТ  «Ховар»,Л Додо).-  Бародарони қирғиз, ки сокинони  бумии ноҳияи  Мурғоб мебошанд, таърихан усули  махсуси тайёр   кардани ғизоро доштанд. Мутобиқ ба иқлими  диёри баландкӯҳ пешгузаштагони онҳо  таомҳое тайёр мекарданд, ки  муддати дароз  таъму сифату  ғизонокии худро  нигоҳ медошту вайрон намешуд. Онҳо  метавонистанд муддати   тӯлонӣ аз як мавзеъ  ба мавзеи дигар  дунболи чорво  рафта, ин ғизоро истеъмол  намоянд ва боз суннатҳои дигари  нодир доштанд, аммо афсӯс, ки  бо мурури замон як  қисми онҳо  фаромӯш шуданд. Ҳоло дар ноҳия  ба хотири эҳёи ин суннатҳо  як созмон ташкил шудааст.  Тавре аз мақомоти  маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳия  иттилоъ доданд,  ҳар сол дар маркази  ноҳия дар давоми  як рӯз намоиши « Эҳё» рӯи кор меояд. Дар он суннатҳои  фаромӯшшудаи  сокинони муқимии  ноҳия ба намоиш гузошта  мешаванд, аз ҷумла он ғизоҳое, ки  муддати тӯлонӣ  таъму  сифати худро нигоҳ медоранд.

Август 10, 2010 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад