ЭЪТИБОР БА ТАРБИЯИ ТИФЛАКОНИ ДЕҲОТ
Шуғнон , 27 август.(АМИТ «Ховар», Л Додо).-Ба хотири сайқали шуур ва тарбияи ақлонии кӯдакон бо имдоди созмонҳои хайриявии ҷаҳонӣ дар қарияи Боғефи ноҳияи Шуғнон 6 моҳ қабл Маркази рушди кӯдакон таъсис дода шуд.Дар Марказ 20 нафар кӯдакони то панҷсолаи сокинони деҳа тарбия мегиранд. Тарзи тарбияи онҳо гуногун буда, аз боғчаи бачагон фарқ дорад. Мураббиён, ки тариқи озмун ба кор омадаанд, ҳар рӯз бо шогирдонашон бозиҳову чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ мегузаронанд. Бо кӯмаки мураббиён онҳо шеърҳои гуногун азёд намуда, забони давлатиро амиқ меомӯзанд. Ба ақидаи коршиносон шуурнокии ин тифлакон нисбат ба ҳамсолонашон хеле баланд аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






