ХАЙРХОҲРО ГУСЕЛ КАРДАНД
Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фаъолияти дипломатии сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба ин муносибат дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади гусели дипломати афғон баргузор шуд, ки дар он намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сафирони кишварҳои дӯст, аҳли илму фарҳанги кишвар ҳузур доштанд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст доир ба дӯстиву бародарӣ ва тавсеаи сиёсати ҳусни ҳамҷавории кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон сухан карда, нақши Сайидмуҳаммад Хайрхоҳро дар таҳкими муносибатҳои се кишвари ҳамзабон муҳим арзёбӣ кард. Бояд зикр кард, ки сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ зимни фаъолияти беш аз 4 солаи дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар партави иродаи сиёсии Сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар тақвияти муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ нақши боризе гузорад. Хусусан, сохтмони пули дорои аҳамияти стратегӣ, дар болои дарёи Панҷ, баргузории намоишгоҳҳои иқтисодию тиҷоратӣ, анҷумани бозаргонони ҳар ду кишвар дар Душанбе шаҳодатест аз фаъолияти самарабахши дипломатии Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






