ИСТИҚБОЛИ АРЗАНДА

Август 28, 2010 12:52

Дарвоз, 28 август.(АМИТ «Ховар»,Л Додо). — Солҳои охир  дар ноҳияи Дарвоз  дар  соҳаи маориф тағйироти  куллӣ  ва пешравиҳо ба назар мерасанд. Мудири маорифи  ноҳияи Дарвоз Турфор Мамадбеков  зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки  коллективҳои  педагогии   ноҳия  барои хотирмон гузаронидани  рӯзи дониш  омодагии хуб  дидаанд. Нахустин бор   мактабҳои ноҳия  пурра ва  бо сифати  баланд таъмир  карда  шуданд, зеро соли ҷорӣ  дар вилоят иди Ваҳдат  ҷашн гирифта шуд. Хонандагони  се мактаби ноҳия –мактабҳои рақами 2, 43 ва 53   соли нави таҳсили 2010-2011-ро  дар  биноҳои  хушсохти замонавӣ   истиқбол мегиранд. .Ин мактабҳо дорои синфхонаҳои барҳаво ва умуман кулли  шароит  барои таҳсил мебошанд. Дар ноҳия дар масъалаи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва таъмини мактабҳо бо сӯзишворӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расидаанд.То имрӯз 110 тонна ангишт захира карда шудааст. Захираи ангишти  мактаб-интернатҳо  бошад то  баҳор мерасад. Мактабҳои   ноҳия  имрӯз дорои 283 компютер, 42 принтер  ва  22 синфхонаи компютерӣ  мебошанд. Ёдовар мешавем, ки тӯли солҳои 2009-2010  дар ноҳияи Дарвоз   11  мактаб  бунёд гардида,   мавриди истифода  қарор  гирифт.                     

Август 28, 2010 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад