ИЗОФАНАВИСИИ МАБЛАҒҲОИ КАЛОН

Август 3, 2010 10:16

Душанбе, 3 август. ( АМИТ « Ховар», Марҳабо Зунунова).- Аз ҷониби  Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва   мубориза бо  коррупсияи  ҶТ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти 15 маркази идоракунии  лоиҳаҳои  сармоягузорӣ  тафтиш карда шуд, ки дар натиҷа   зарари  моддӣ  дар ҳаҷми 13,8 миллион сомонӣ ошкор гардид,- гуфт сардори   Агентӣ  Фаттоҳ  Саидов  дар нишасти матбуотии  ҳисоботӣ   оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи   Агентӣ. Фаттоҳ  Саидов   норасоиҳои  ҷиддӣ, аз ҷумла  изофанависӣ  дар  корҳои  таъмиру сохтмониро, ки зимни санҷиш ошкор гардиданд,  маълум  намуд.   Аз ҷумла, изофанависӣ  дар Муассисаи  давлатии « Маркази идоракунии лоиҳаҳои  барқарорсозии системаҳои  ирригатсионӣ»,  ки 6 миллиону  379  ҳазор сомонӣ, «Маркази  идоракунии  лоиҳаҳо  оид ба барқароркунии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон»-2 млн. 950 ҳазор  сомонӣ, дар муассисаи  « Маркази идоракунии  лоиҳаҳо оид ба  идоракунии  захираҳои обии  водии Фарғона»- 1 млн. 260 ҳазор сомонӣ, дар  « Маркази  татбиқи  лоиҳаҳо  оид   ба  барқарорсозии   роҳҳои мошингард»- 1 млн. 235 сомонӣ, дар   Марказ оид ба  татбиқи лоиҳаи сохтмони  роҳи мошингарди  Шоғун- Зиғар-422,9  ҳазор сомониро  ташкил дод. Зимни санҷиш  аз маблағҳои ошкоршуда 10 млн 189 ҳазор сомониаш барқарор гардид,- гуфт Фаттоҳ Саидов.  

Август 3, 2010 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад