КАМБУДИҲОИ БОЗОРҲОИ НОҲИЯИ Б. ҒАФУРОВ ОШКОР ГАРДИД

Август 3, 2010 09:42

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати риояи қарори раиси вилоят «Оид ба пурзӯр намудани назорат ва тадбирҳои ба танзим овардани соҳаи коркарду фурӯши маҳсулоти чорво ва маводи хӯрока», риояи талаботи стандартҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ доир ба сифат ва бехатарии маҳсулот, маданияти кору хизматрасонӣ ва ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти пастсифат мавриди омӯзиш қарор гирифт. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҳудуди бозори «Фаровон» ва дигар нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати мутахассисони  шӯъбаи ҳамкории иқтисодии хориҷӣ ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маркази назорати давлатии санитарии-эпидемиологии ноҳия рейди муштарак гузаронида шуда, як қатор камбудиҳо ошкор гардид. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи роҳбарони ин бозорҳо ва дигар нуқтаҳои соҳаҳои савдоро зери назорат гирифта, барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.  

Август 3, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад