КИТОБХОНА-МАКОНИ ДОНИШ

Август 18, 2010 16:10

Ҷиргатол, 18 август.( АМИТ « Ховар», М. Ризвонов).- Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол, ки  мудираш       Гулнисо Абдураззоқова мебошад,ҷойи дӯстдоштаи хонандагон  ба шумор меравад . Дари     китобхона ҳамеша ба рӯйи  мизоҷон  кушода буда , дар он 16904 адад адабиёти гуногун мавҷуд аст. Айни ҳол сафи мизоҷони китобхона ба  1380 нафар расидааст , ки  нисбат ба  соли  гузашта 120  нафар зиёд аст. Барои ҷалби омма ба китобу китобхонӣ дар ин ҷо мунтазам чорабиниҳои гуногун , ба монанди маҳфилҳои адабӣ , мулоқоту сӯҳбат бо зиёиён, намоишҳои китоб доир мегарданд. Барои осон шудани дарёфти адабиёти зарурӣ  китобҳо аз рӯи соҳа ва бо тартиби алифбо гузошта шудаанд. Кормандони китобхона кӯшиш менамоянд , ки тавассути фаъолияти судманди худ   дар кори маърифатнокии аҳолии деҳот саҳмгузор  бошанд. Натиҷаи саъйу талоши онҳост , ки сафи китобхонон рӯз то рӯз зиёд мегардад. Китобро  беҳуда аниси кунҷи танҳоӣ нагуфтаанд, -мегӯяд мудири китобхона Гулнисо  Абдураззоқова. Савияи  дониш  ва  ҷаҳонбинии одам  тавассути донишомӯзӣ васеъ  мешавад. Донишро тариқи омӯзиши пайваста , яъне мутолиаи китобу маҷалла  метавон афзун кард. Аз ин рӯ мо, китобдорон , тамоми тадбирҳоро меандешем , ки ин  боргоҳи маърифат  ҳамеша  серодам  бошад,- афзуд Г. Абдураззоқова.   

Август 18, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад