« КОРВОНИ КИТОБ» ДАР БАДАХШОН

Август 6, 2010 17:24

Бадахшон, 6 август. ( АМИТ «Ховар», Л Додо).-        5-уми  август  дар шаҳри Хоруғ дар  толори китобхонаи  вилоятӣ маҳорили « Корвони китоб» баргузор шуд. Чорабиниро  сардори раёсати  фарҳанги  вилоят  М. Панҷшанбиев оғоз  намуда,  директори Корхонаи  таъминот  ва савдои   китоби назди Вазорати  фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Сайидҷаъфар Сафаров  , директори нашриёти  давлатии « Ирфон» Ҷӯрабой Шарифов,  Шоири халқии  Тоҷикистон  Ширин Бунёд дар  назди  ҳозирин оид  ба аҳамияти  маъракаи  «Корвони китоб», тарзи истифода  ва аҳамияти  бузурги  ин   маъхази  дониш дар  баланд бардоштани  шууру   маънавиёти  миллат ҳарф заданд. Тибқи маълумоти  С. Сафаров  ба китобхонаҳои   вилоят 92 номгӯй китоб  ба маблағи  27 ҳазор сомонӣ     бо теъдоди  2150  нусха ба таври  ройгон  тақсим карда  шуд.  

Август 6, 2010 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад