МАҲАЛЛАИ БОФАНДА СОҲИБИ МАКТАБИ НАВ МЕШАВАД
Душанбе, 6 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар соли нави таҳсили 2010-2011 дар маҳаллаи Бофанда, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 1 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 1174 талаба мавриди истифода қарор дода мешавад. «Мактаби мазкур чорошёна буда, дорои маркази экологӣ аст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов. Алҳол дар ин ҷо сохтмони Боғи зимистона идома дошта, дар он буттаю растаниҳои гуногун сабзонида мешавад. Инчунин, дар ин ҷо аквариумҳо гузошта шуда, талабагон дар фаслҳои гуногуни сол таҷриба мегузаронанд, ки ба баланд гардидани сатҳи донишу маърифати биологию зоологӣ ва экологии онҳо мусоидат менамояд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






