МАҶМӮА БАХШИДА БА СОЛИ ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ

Август 23, 2010 10:53

Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори соли 2010 ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани шаҳри Душанбе   маҷмӯаи рангаи аксҳо бо номи «Душанбе» бо теъдоди 500 адад аз чоп баромад. Муаллифи маҷмӯаи аксҳо мухбири суратгири  рӯзномаи шаҳрии «Паёми Душанбе» Неъматулло Алиев буда, дар он аксу расмҳои биноҳои гуногуни маъмурию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва манзараҳои зебои пойтахт  гирд оварда шудаанд. Дар муқоваи маҷмӯаи аксҳо дарвозаҳои ғарбию шарқӣ ва ҷанубии пойтахт, инчунин, рамзи пойтахт ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инъикос гардидаанд. Ҳамзамон, дар маҷмӯа маълумотномаи мухтасар дар бораи пойтахт  бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ҷо дода шудааст, ки раҳнамои хубест барои сайёҳону меҳмононе, ки ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.

Август 23, 2010 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад