МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР НАЗДИ САРВАЗИР

Август 3, 2010 17:02

Душанбе,3 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрўз, 3 август дар ҳузури Сарвазири мамлакат  Оқил Оқилов оид ба баррасии ҷараёни омодагиҳо ба Рўзи миллии Тоҷикистон , ки дар доираи  намоишгоҳи байналмиллалии ЭКСПО-2010  дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой  баргузор мегардад, машварати корӣ  баргузор гардид.  Тавре таъкид шуд, намошгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар давлатҳои ҷаҳон  дар ЭКСПО-2010 аз ибтидои моҳи майи соли равон дар шаҳри Шанхай ифтитоҳ гардида, то имрўз беш аз 2 миллион нафар аз он дидан кардааст. Оқил Оқилов   иштироки Тоҷикистонро  дар намоишгоҳи ЭКСПО- 2010  ва  баргузории  Рўзи миллии Тоҷикистонро дар доираи баргузории ин намошгоҳи умумиҷаҳонӣ воситаи муҳими муаррифии ҳарчи бештари давлати мо дар хориҷи мамлакат арзёбӣ карда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабиниҳои бузург ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.  

Август 3, 2010 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад