МОНИТОРИНГИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН

Август 9, 2010 16:13

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Барномаи ҳуқуқи кӯдак яке аз қисматҳои самараноки фаъолияти Институтҳои байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо , бахусус «Наҷоти кӯдакон» маҳсуб меёбад,- зикр гардид дар  сӯҳбати гирдимизие, ки имрӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими муаррифии лоиҳаи «Мониторинги меҳнати кӯдак –Конвенсияи 182» баргузор гардид. Тавре аз хабари фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид бармеояд, 12%-и кӯдакони аз 5 то 14 — сола  ба корҳои гуногун ва 65 ҳазор ба фаъолияти музднок машғул мебошанд. Ҳукумати  Тоҷикистон, ки Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии меҳнатро соли 2005 ба тасвиб расонидааст, якҷоя  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба меҳнати кӯдак ва шаклҳои истифодаи ғайриқонунии он пайваста талош меварзад. Бо ин мақсад интизор меравад, ки Ҳукумат нақшаи миллии фаъолияти самаранок ва ҳисоботро дар ин самт омода намуда, мувофиқи талаботи Конвенсияи СММ ба Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пешниҳод намояд. Лоиҳаи муносибатҳои корӣ ва  ҳамоҳангсозиро   бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор карда, идораи сохтори мониторинги меҳнати кӯдакро дар чор ноҳияи шаҳрҳои Душанбе  ва Хуҷанд таъсис медиҳад. Лозим ба зикр аст, ки Лоиҳаи «Мониторинги меҳнати кӯдак –Конвенсия 182» аз ҷониби ташкилотҳои «Наҷоти кӯдакон» ва «Сотсервис» дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат  ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.   

Август 9, 2010 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад