МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО Э. НАЪЛБАНДЯН

Август 23, 2010 13:17

Душанбе, 23 август, (АМИТ «Ховар») . —  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 20 августи соли 2010 дар доираи мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои СААД дар Ереван бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Наълбандян мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Арманистон  дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд. Ҳ. Зарифӣ ва Э. Наълбандян аз вазъи имрӯзаи равобити сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Бо мақсади вусъат додани равобит ва ҳамкории мутақобилан муфиди вазорату идораҳо ва соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар зарурати фаъол гардонидани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону Арманистон махсус таъкид карда шуд. Мусоҳибон роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини минтакавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд.  

Август 23, 2010 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад