МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ЧОР КИШВАР ДАР СОЧИ
18 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон иштирок ва суханронӣ намуд. Бояд хотиррасон намуд, ки ин дуввумин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои номбурда аст. Мулоқоти нахустини «Чоргонаи Душанбе» моҳи июли соли гузашта дар пойтахти кишвари мо баргузор гашта, бо тасмимоти зиёди судманд анҷом ёфта буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гаштани мулоқоти дуюми чорҷонибаи сатҳи олиро «нишонаи рағбати 4 давлат ба ташкили робитаҳои нави мутақобилан судманди бисёрҷониба ва густариши самтҳои ҳамгироӣ миёни ин кишварҳо» арзёбӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон «вуҷуди фазои сулҳу суботро шарти асосии густариши ҳамкории гуногунҷанба» номида, таъкид дошт, ки «зимни чораҷўиҳо ташкил додани ҷабҳаи муштараки зиддитеррористӣ зарур аст». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор намуд, ки «бояд мубориза бо интиқоли прекурсорҳои маводи мухаддир пурзўр карда шавад» ва таъкид дошт, ки «ин яке аз роҳҳои хуби коҳиш додани истҳсоли ин маводи марговар хоҳад буд». Сарвари давлати Тоҷикистон «камбизоатӣ, сатҳи баланди бекорӣ ва ҳал нашудани мушкилоти дигари иҷтимоиро асоси пайдоиш ва густариши терроризму экстремизм» арзёбӣ карда, кишварҳои манфиатдорро ба иштироки васеъ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Афғонистон даъват намуд ва инро аз роҳои асосии барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод кард. Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ва ҳавасмандии Тоҷикистонро барои расондани кўмакҳо ба Афғонистон дар шакли омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни ин кишвар, интиқоли нерўи барқу маводи сохтмон ва равона кардани бинокорон, табибон, омўзгорон ва дигар мутахассисони тоҷик ба кўмаки бародарони афғон таъкид намуд. Зимни суханронии сарони дигар давлатҳо низ имкону захираҳои фаровон ва нақши муҳими Тоҷикистон дар расондани кўмакҳо ба Афғонистон ва ҳалли мушкилоти минтақавии энергетикию нақлиётӣ таъкид гардид. Сарони чор давлат татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои пайвандкунандаи Тоҷикистону Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ва кашидани хатти 500 – киловолтаи интиқоли нерўи барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, ки бо номи лоиҳаи КАСА – 1000 маъруф аст ва иштироки Федератсияи Русияро дар ин лоиҳа дастгирӣ намуданд. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ба барқарорсозии ҳаёти осоиштаи Афғонистон равонагашта ва дар бартарафсозии оқибатҳои обхезии шадиди Покистон иштироки фаъол дошта бошанд. Сарони давлатҳо ба мувофиқа омаданд, ки мулоқоти минбаъдаи чорҷонибаи сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!






