МУЛОҚОТИ ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 4 августи соли ҷорӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фань Сянжунро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорат хабар доданд, сафир нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷӣ супорид. «Пас аз он, мулоқоти дуҷониба сурат гирифт, ки дар он мавзўи муносибатҳои байнидавлатии мутақобилан судманд ва саҳми Ҷумҳурии Халқии Хитой дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа таъкид гардид», афзуд манбаъ.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






