МУЛО&#1178ОТИ &#1202.ЗАРИФ&#1250 БО ВАЗИРОНИ КОР&#1202ОИ ХОРИ&#1206ИИ &#1262ЗБЕКИСТОН ВА &#1206ОПОН

Август 9, 2010 15:53

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 7 августи соли 2010 дар шаҳри Тошканд мулоқоти Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Ӯзбекистон Владимир Норов баргузор гардид. Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳо  мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон тариқи марзи Ӯзбекистон, вазъияти Қирғизистон, ҳамчунин масоили таъмини амният ва ба низом овардани вазъ дар Афғонистон баррасӣ гардид. Худи ҳамон рӯз ҳамчунин мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Ҷопон Окада Катсуя доир гардид. Аз ҷумла, ҷараёни иҷрои барномахои кӯмаки молиявии ҶТ мухокима карда шуд, ки ҳадафи онҳо афзун кардани нерӯи инсонӣ ва пешрафти соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёт мебошад. Дар ин бора аз Департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.                                                                                               

Август 9, 2010 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад