НАШЪУНАМОИ ПАХТА
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 162387 гектар чигит кошта шудааст, ки ин нишондод ба 89 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки бинобар номусоид омадани вазъи ҳаво майдони 7894 гектар замини киштшудаи пахта зарар дида, аз нав киштгардон шуд. Айни ҳол майдони 162387 гектар замини киштшудаи пахта сабзидааст, ки ин ба 100 фоиз баробар мебошад. Аз чорабиниҳои агротехникии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ то санаи 09.08.10 дар майдони 132047 га сарчинкунӣ, 728755 га коркарди байни қаторҳо, 343987 га озуқадиҳӣ гузаронида шуда, дар 395612 га оби вегетативӣ дода шудааст. Кишоварзон ният доранд, ки имсол ҳосили хуб ба даст оварда, вазъи иқтисодии хешро беҳтар созанд. Ёдовар мешавем, ки соли равон нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври назаррас боло рафтааст, ки ин боиси ҳавасмандии деҳқонон баҳри зиёд намудани майдонҳои кишт ва ҳосили он мегардад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






