РАШТ СОҲИБИ ДОНИШГОҲ ГАШТ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба истифода дода шуд. Сарвари давлат зимни суханронии хеш тазаккур дод, ки: «Мақсади мо аз бунёди муассисаҳои таълимии нав ва таъмиру азнавсозии мактабҳои мавҷудаи мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия, омўзонидани илму донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун барои наслҳои наврас ва ҷавонон мебошад». Мавриди зикр аст, ки филиали мазкур аз рўи ду равия — риёзиву табиӣ ва гуманитарӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии ноҳияҳои водии Рашт мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ тайёр мекунад. Дар он ду факултет ва чор кафедра фаъолият дошта, дар бахшҳои рўзона ва ғоибона 876 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи қаблии донишҷӯёни филиали Донишгоҳи омӯзгорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки донишҷўёни ин филиал то ба ҳол дар бинои собиқ мактаби №1 ва омўзишгоҳи касбҳои техникии ноҳия сабақ мегирифтанд. Ва имрўз онҳо соҳиби биноҳои хуштарҳу замонавӣ гардиданд, ки барои 860 донишҷў ва хобгоҳ барои 366 ҷой бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки сохтмони биноҳои мазкур соли 2007 шурўъ гардида, то имрўз аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 19 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Мутобиқи ҳисоботи оморӣ имрўз дар ноҳияҳои водии Рашт дар маҷмўъ 345 муассисаи таҳсилоти умумӣ, як гимназия, се мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятим, инчунин даҳҳо муассисаҳои томактабӣ, панҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва се омўзишгоҳи омўзгорӣ фаъолият мекунанд.








Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!






