РУССИЯ ХИЗМАТҲОИ Қ. РАСУЛЗОДАРО ҚАДРДОНӢ КАРД
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо медали ҷашнии «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»-и Федратсияи Руссия сарфароз гардонида шуд. 2 августи соли ҷорӣ медали мазкурро аз номи Президенти Федератсияи Руссия Дмитрий Медведев консули генералии ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд Азим Ярахмедов супорид. А. Ярахмедов тазаккур дод, ки медали ҷашнии «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» барои хизматҳои шоистаи Қоҳир Расулзода дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоии маъюбону иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар сатҳи баланд баргузор кардани ҷашни 65-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ қадршиносӣ мешавад. Воқеан Ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ғамхориҳои рӯзафзун менамояд. Аз ҷумла, соли равон бахшида ба 65-солагии Иди Ғалаба дар ҶБВ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ 600 сомонӣ кӯмаки яквақта тақдим гардид. Дар баробари ин, бахшида ба ин санаи таърихӣ теъдоди зиёди иштирокчиёни ҶБВ бо медалҳои ҷашнӣ ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуда буданд. Мавриди ёдоварист, ки имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд беш аз 1200 нафар собиқадорону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ мекунанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






